Барф меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе зимой, архивное фото
Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 26 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, баъзан барф меборад. Бод аз сӯи ғарб 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Борон меборад: обу ҳаво барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешбинӣ шудааст. Ҳаво  шабона —4-1 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  тағйирёбандаи боронӣ шуда, бод аз сӯи ғарб шабона 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 7-12 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0