Таваллуди фарзанд, акс аз бойгонӣ

Чор моҳ пас аз тӯй: зани истаравшанӣ кӯдаки навзодашро ба мабраз партофт

413
(Таҷдидшуда 11:19 27.02.2018)
Зан барои пинҳон кардани таваллуди фарзанд, кӯдакро ба мабраз партофтааст. Ҳамсояҳо овози тифлро шунида, ӯро аз марг наҷот додаанд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаҳри Истаравшан зани ҷавоне ба иттиҳоми қасди куштори тифли навзоди худ дастгир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зани 21-соле дар шаҳри мазкур, рӯзи 21 феврал таваллуд карда, тифлашро ба мабраз партофтааст.

"Зан тахминан соатҳои 08:30 дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд карда, кӯдаки навзоди худро қасди куштан намуда, ба дохили ҳоҷатхона партофтааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре манбаъ меафзояд, зан, танҳо 4 моҳ пеш оиладор шуда будаасту мехостааст, далели таваллуд карданашро аз мардум пинҳон кунад.

Овози гиряи кӯдакро ҳамсояҳо шунида, кӯдакро аз марг наҷот дода, оиди ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.

Оид ба ин далел тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

413
Барчаспҳо:
таваллуд, фарзанд, кӯдак, модар, Истаравшан, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

107
(Таҷдидшуда 13:59 01.06.2020)
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз беморхона баромада ва ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

ДУШАНБЕ, 1  июн — Sputnik. Сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ёдгор Файзов субҳи имрӯз, 1 июн пас аз шифо ёфтан, аз табобатхона ҷавоб шуд.

"Раис субҳи имрӯз аз беморхона ҷавоб шуд ва барои аз наздик ошно шудан бо вазъият ба ноҳияи Рӯшон сафар кард", - гуфт Ниякбеков.
107
Барчаспҳо:
вазъият, сафар, Рӯшон
Кобилчон Гиёев

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

2453
(Таҷдидшуда 13:43 01.06.2020)
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
пресс-служба Минздрава Таджикистана
“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

2453
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон