Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Баҳор ва суманак: Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ кард

148
(Таҷдидшуда 10:06 01.03.2018)
Дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон инъикос ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти "Наврӯз — 2018" бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Гуфта мешавад, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии "Наврӯз — 2018" васеъ истифода намоянд.

Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби Наврӯз дар шаҳри Панҷакент чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд.
Чунин барномаҳое 23 март дар шаҳри Бохтар ва дар 25 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе низ бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур дода, ки Наврӯз дар ҳама ноҳияҳои пойтахт 21 март ҷашн гирифта шавад. Дар чорчӯби ин ҷашн шаҳрдории Душанбе мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ баргузор мекунад.

148
Барчаспҳо:
ҷашн, рамз, Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

1
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

1
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Девушка в наручниках, архивное фото

Занакҷанг: боздошти се зан барои латукӯби Саодати 23 сола соати 4-и субҳ-видео

77
(Таҷдидшуда 11:07 08.08.2020)
Мақомоти пулиси пойтахт аз боздошти се зан хабар медиҳад, ки дар ташкили занозании гуруҳӣ ва латукӯби ҷавонзани дигар муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии РВКД Душанбе  боздошти занон дар пайи таҳқиқи навори дар шабакаҳои интернетӣ санаи 6 август паҳншуда сурат гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, дар навор лаҳзаи латукӯби як нафар ҷавонзан аз ҷониби гуруҳи 5-6 нафараи занон инъикос гардида, гуруҳи занони авбош бар замми он, ки ҷабрдидаро латукуб намуда истодаанд, боз аз дашному ҳақоратҳои қабеҳ истифода намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона дағалона вайрон ва оромии сикононро халадор намудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи баррасии навор Шаҳноза Ҳакимова, сокини 30-солаи ноҳияи Мӯъминобод, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд, Дилбар Шарипова, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб ва сокини шаҳри Ҳисор Садафмо Холоваи 29-сола боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 6 август тахминан соатҳои 4 ба 5-и саҳарӣ нафарони дастгиршуда ҳангоми қарор доштан дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо маслиҳати пешакӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ва бадбинӣ нисбат ба шаҳрванд Назирова Саодат Рустамовна 23 сола, зода ва сокини шаҳри Душанберо дар ҳайати гуруҳӣ ва ба таври ваҳшиёна мавриди латукуби шадид қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. 

Манбаъ мегӯяд, нисбат ба се тани боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҳамзамон ду тани дигар дар ҳолати бозпурсиянд ва гар дар ин ҳодиса шарикияшон исбот шавад, онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

77