Душанбе, Акс аз бойгонӣ

Раъду барқ: шаҳрвандони Тоҷикистонро аз бад шудани ҳаво огоҳ карданд

223
Дар паи бориши бисёри борону барф дар кӯҳсор, рӯдҳо пуроб шуда ва туғён хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огаҳии шаҳрвандон мерасонад, ки ҳаво дар наздиктарин рӯзҳо боронӣ шуда ва кӯҳсори баландтар аз 2000 метр барф хоҳад борид.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар баъзеи дигар ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддатёбии вазиши бод аз ҷониби ғарб то 19-24 метр дар як сония дар назар аст.

Ба гузориши оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин гуна вазъи обу ҳаво сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ гуфтааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд.

Рӯзи сешанбе, 27 феврал ҳам дар паи боришҳои бисёр дар саргаҳи рӯдҳои кӯҳистонҳои Ҳисор ва Рашт, рӯдҳои Ёхсу, Қизилсу ва дигар рӯдҳо пуроб шуда буданд.

223
Барчаспҳо:
бориши борону барф, раъду барқ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

Дар шаҳри Хоруғ пули нави мошингузар сохта мешавад

1
(Таҷдидшуда 17:33 08.07.2020)
Ин сеюмин пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ хооҳад буд, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта,  санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, ки дарозии пул бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад.

Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва интизор меравад, ки мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.

1
Барчаспҳо:
ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, иншоот, ВМКБ
Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе

"Ҷӯроббадастон": гузориши мақомоти Душанбе аз боздошти "авбошҳо" - видео ва акс

21
(Таҷдидшуда 17:50 08.07.2020)
Дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо- 2 ҳолат дар ошхона ва 7 ҳолат муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халадор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе  дар давоми як рӯзи баргузории амалиёти шартӣ бо номи "Тартибот" 25 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбат ба  дигар шаҳрвандонро  дар маконҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳу кутоҳандеш  муайяну ошкор намуданд. 

Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе
Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе

Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилаи Душанбе гузориш медиҳад.

Дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо- 2 ҳолат дар ошхона ва 7 ҳолат муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халадор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст, муайян карда шуд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба  9 нафар бо қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуда, 8 ҳолати дигар дар баррасӣ қарор дорад.

Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе
Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе

"Ҳамзамон нисбат ба  7 нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ,  кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (майдаавбошӣ)-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбат ба онҳо  бо қарорҳои дахлдори мақомоти Судӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯзӣ татбиқ гардида, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд", - менависад манбаъ.

21