Таҷлили Рӯзи Модар дар ВМКБ

Таҷлили Рӯзи Модар дар ВКД Бадахшон

197
(Таҷдидшуда 16:11 07.03.2018)
Дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибатb Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳоb дохилаи Тоҷикистон, дар чорабинӣ ҳайати шахсии Раёсат, қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилm, ДТММ, кормандон-бонувони ШВКД дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Шуғнон, Хадамоти давлатии "Муҳофиза" ва собиқадорон ширкат карданд.

Чорабиниро сардори РВКД дар ВМКБ,  Мансур Бухоризода ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ аз номи вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва муовини якуми вазир Аламшозода Абдураҳмон  ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфтааст.

"Дар ин рӯзи фархунда ва фараҳбахш таманно менамоям, ки хонадони шумо ҷойгоҳи меҳру муҳаббат ва садоқату рафоқат гардида, он самимият, лутфу меҳрубонӣ ва раҳму шафқате, ки дар қалбҳои Шумо мебошад, бигузор дар рафтору муносибат, фаъолияту истироҳат ва пешрафти кору рӯзгор ва амалӣ гардидани нақшаву мақсадҳоятон созгор бошад", — гуфтааст Бухоризода.

Ба муносибати Рӯзи Модар бо фармони ВКД Тоҷикистон ба бонувон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят медалҳои дараҷаи шоён, медали "Милитсияи Тоҷикистон", "Аълочии милитсия", Сипосномаҳо, Раҳматномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи сардори РВКД дар ВМКБ тақдим шудааст.

197
Барчаспҳо:
таҷлили Рӯзи Модар, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон