Роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Ҳушдори обуҳавошиносон аз бориши зиёд ва тармафароӣ

194
(Таҷдидшуда 09:37 11.03.2018)
Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон аз номусоид шудани боду ҳаво, бориши зиёди борон ва хатари тармафароӣ огоҳ мекунад

ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар муддати се рӯз, аз 11 то 13 март боду ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

Ба гузориши Созмони обуҳавошиносӣ, аз 11 то 13 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, боридани боронҳои зиёд ва дар баландии 2000 м бориши барф дар назар аст.

Бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, инчунин дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тоеби марказ эҳтимоли омадани сел дар назар аст.

Дар баландии 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.

Дар ин росто аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро кам кунанд ё бидуни зарурат ба ҷойҳои дур сафар накунанд.

Ба вижа ронандагон бояд дар ин се рӯз эҳтиёткор бошанд.

194
Барчаспҳо:
тармафароӣ, борон, боришот, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Топор, архивное фото

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

285
(Таҷдидшуда 18:58 26.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

285
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Суғд, куштор
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Яке ҳарифашро бо мушт заду дуюмӣ даъвои беасос кард: ҷаримаи футболбозони Суғд

91
(Таҷдидшуда 19:22 26.10.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи футболи вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласа, нисбати варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва футболбозони дастаи “Пахтакор” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Зарафшон” - и шаҳри Панҷакент муҷозот таъйин кард

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Бозӣ миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" рӯзи 24 октябр бо ҳисоби 3:1 ба поён расид, вале миёни футболбозон ҷанҷол бархост.

Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муноқишаи бархоста дар вақти баргузории бозии футбол миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" имрӯз зери роҳбарии Хуршед Зоидов, сардори Кумитаи интизомӣ-назоратии ФФ Суғд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба футболбозон барои вайрон намудани одоби варзишӣ ҷарима муқаррар намудааст.

Бо қарори Кумитаи интизомӣ – назоратӣ, барои вайрон кардани моддаи 8 банди 16, яъне таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаҳо, тамошобинон, аъзои гурӯҳи доварон дар варзишгоҳ то анҷом ва баъди бозӣ, варзишгоҳи "Ҷавонӣ - и ноҳияи Ҷ. Расулов аз гузаронидани як бозӣ ва ба миқдори 500 сомонӣ муҷозот шуд.

Дастаи "Сипар" - и Хуҷанд нахустин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ҳайитбой Отаҷонов бозингари дастаи "Пахтакор", барои зарба задани ҳариф бо мушт, аз панҷ бозӣ маҳрум ва нисбаташ 300 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Инчунин мураббӣ бозингари дастаи "Зарафшон", Камолиддин Ҷурабоев, барои вайрон намудани одоби варзишӣ, гуфторҳои гайримантиқӣ, даъвои беасос бар асоси моддаи 8 банди 19 аз се бозии тақвимӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ муҷозот шудааст.

91
Барчаспҳо:
футбол, ҷарима, Суғд

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

0
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

0
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон