Нагина Шералиева. Акс аз бойгонӣ

Шералиева: Тоҷикистон барои гардишгарон ҷаззоб шудааст

103
(Таҷдидшуда 17:27 12.03.2018)
Роҷеъ ба омодагии ширкати “Роҳат Тур” барои пазироии гардишгарон дар Тоҷикистон, муовини мудири кулли ширкати гардишгарӣ Нигина Шерилиева нақл кард

Ширкати "Роҳат Тур" бори аввал аст, ки дар Намоишгоҳи 25-уми байналмилалии гардишгарии сайёҳии Маскав, ки дар таърихи 13-15 марти соли 2018 баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.

Дар ин бора муовини мудири кулли ширкат Нагина Шерилиева изҳори назар дошт.

Вай гуфт, ки меҳмонон аз дидани ғурфаи ширкати ӯ таассуроти некеро бо худ мебаранд.

"Бисёре аз онҳо мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд. Имсол дар кишвар Соли густариши гардишгарӣ эълон шуда, кӯшишҳои зиёд дар ин самт ба харҷ дода шудааст", — гуфт Нигина Шералиева ба Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки ширкати "Роҳат Тур" дорои меҳмонхонаи чорситора, апартаментҳо, автобус ва ғайра мебошад.

Ширкат метавонад меҳмононро дар сатҳи ниҳоят олӣ пазирад, зикр намуд муовини мудири кулли ширкат Нагина Шерилиева.

103
Барчаспҳо:
гардишгарӣ дар Тоҷикистон, Ширкати "Роҳат Тур", Нигина Шералиева, Русия, Тоҷикистон