Пул дар кӯҳҳои Фон.

Гардишгарони дармонда таронаи Далер Назаровро суруданд

295
(Таҷдидшуда 17:04 16.03.2018)
Гардишгарон дар паи фаромадани тарма дар кӯҳҳои Фон дармонданд. Онҳо натавонистанд ба зудӣ сафарашонро то Душанбе идома диҳанд ва барои кӯтоҳ кардани вақт консерте баргузор карданд

ДУШАНБЕ, 16 мар— Sputnik. Гурӯҳе гардишгарон аз кишварҳои гуногуни хориҷ дар кӯҳҳои Фон дар мондаанд.

Ҷаҳонгардон дар тӯли 8 соат натавонистанд аз Хоруғ то Душанбе бирасанд. Дар паи фаромадани тарма онҳо дар кӯҳҳои Фон дармонданду дар қаҳвахонае паноҳ бурданд.

Барои кӯтоҳ кардани вақт, то замоне, ки наҷотдиҳандагон роҳро аз тарма тоза мекарданд, гардишгарон ба сурудхонӣ пардохтанд. Дар охири консерташон сайёҳон суруди устоди ҳунар-Далер Назаровро зам зама карданд.

"Ин бисёр олӣ буд. Мусиқӣ одамони гуногунро аз кишварҳои мухталиф ба ҳам овард. Мо ягона сурудеро, ки ба забони тоҷикӣ медонистем сурудем. Ин Чак чаки борони баҳор буд", — навиштааст гардишгар дар саҳифаи Facebook.

Ин воқеъа боис шуд, ки таърихи парвози гардишагарон иваз шавад, вале ҷаҳонгардонро ин рухдод афсурда накард: онҳо гуфтанд, ки дар ин сафар дӯстони зиёде пайдо карданду надонистани забонро бо ёрии тарҷумаи телефонӣ бартараф кардаанд.

Гардишгаронро меҳмоннавозии тоҷикон шигифтзада кардаву онҳо мегӯянд, ки меҳмоннавозӣ далели хубест барои сафар ба Тоҷикистон.

295
Барчаспҳо:
гардишгарон, кӯҳҳои Фон, Далер Назаров, Тоҷикистон