Қоҳир Расулзода, акс аз бойгонӣ

Нахуствазир барои омода кардани вилоят ба қабули раисҷумҳур ба Суғд рафт

935
(Таҷдидшуда 18:31 16.03.2018)
Имсол тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Панҷиканд бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рӯзи 15 марти соли 2018 нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ, сохтмони иншоот, рафти корҳои саҳроӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯз ба вилояти Суғд рафт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст аз шаҳри Панҷакент боздид намуд. Сарвазири мамлакатро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки имсол тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Панҷиканд бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

"Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар ин барномаҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби ин барномаҳо чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд", — гуфта мешуд дар хабар.

"Дар асоси  супоришҳои кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Панҷакент сохтмони як қатор иншооти гуногун идома доранд. Дар аснои сафар Сарвазири мамлакат дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳр бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ, ки барои 250 кӯдак пешбинӣ шудааст, шинос гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, он бо маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки "Зарафшо"» бунёд мегардад. Қоҳир Расулзода пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонанд.

Қоҳир Расулзода ҳамзамон бо ҷараёни навсозии варзишгоҳии марказии шаҳри Панҷиканд, сохтмони бинои Қасри ҷавонон, гулгашти Лоиқ Шералӣ, хатти барқи 220 киловолтаи "Айнӣ-Панҷакент", фаъолияти хоҷагии деҳқонии Абӯ Дониёров шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ низ боздид намуд.

Дар идомаи сафари корӣ нахуствазир шаҳри Истаравшан, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дидан кард.

935
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Қоҳир Расулзода, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Человек в защитной маске в городе Душанбе

Эълони нави Вазорат: рӯзҳои охир касе нафавтид, 54% гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

97
(Таҷдидшуда 17:37 02.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикситон эълон кард, ки то соати 17:00 дақиқаи 2 июн дар ҷумҳурӣ 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 нафар ё 54% шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то соати 17:00 дақиқаи 2 июн дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Теъдоди фавтидагон тайи рӯзҳои охир бетағйир аст. 

Бино ба иттилои манбаъ, то 2 июн дар мамлакат 1612 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 393 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват карданд, ки барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият гуфтаанд, табиби ҳар шахс худи ӯст.

97
Заведующая сектором Центра постсоветских исследований Института экономики РАН Елена Кузьмина

Кузмина: кушодашавии транзит тавассути Эрон масири лоҷувардӣ барои Тоҷикистон хоҳад буд

20
Кушодани роҳи транзит ба Эрон тавассути Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, гуфт Елена Кузнетсова, мудири бахши Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии ИМЭМО РАН ба номи Е.Примаков

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Афғонистон омодагии худро барои интиқоли бор тавассути қаламраваш аз Эрон ба Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо пас аз кушодани марзҳо байни Эрон ва Туркманистон эълом кард.

Ба андешаи Елена Кузнетсова ба Sputnik Тоҷикистон гуфт:"Ин масири лоҷувардӣ барои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказист. Ҳама гуна масирҳои транзитӣ барои ин кишварҳо хеле муҳиманд, зеро ин давлатҳо ба баҳр дастрасӣ надоранд".

Ба ақидаи ӯ, ин бо Афғонистон, ҳадди ақалл аз ҷиҳати бехатарии бор, душворӣ пеш меорад, ҳарчанд мақомоти Афғонистон амнияти комилро ваъда медиҳанд.

Ӯ мегӯяд, новобаста ба он ки пандемияи коронавирус вуҷуд  дорад, аммо ҳаракатҳои транзитӣ қатъ нагашт.

"Нахуст сухан дар бораи ҳалли масъалаҳои тарифҳои байнидавлатӣ ва иқтисодӣ ва пеш аз ҳама транзитӣ меравад. Бо назардошти вазъи душвори иқтисодии Туркманистон пеш аз пандемия, ҳоло яке аз имкониятҳои ин кишвар баланд бардоштани тарифҳои транзитӣ мебошад, ки барои ҳамаи давлатҳои дигар фоидаовар нест", - коршинос мешуморад.

Аммо, ба гуфтаи вай, ҳоло кишварҳо сари ин масъала ба мувофиқа нарасидаанд.

"Барои Тоҷикистон, ин боз ҳам муҳимтар аст, зеро дар ин кишвар муддати тӯлонӣ ҳамлу нақл дар ҳоли маҳдуда қарор дошт, ки дар имкони рушди иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ гузошт", гуфт коршинос.

Қаблан Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи Идораи гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRICA) гуфт, кишвараш аз 1 июн сарҳадҳоро бо Туркманистон боз мекунад.

Гуфта мешавад ин танҳо дар ҳоле имконпазир мегардад, ки чораҳои зиддиэпидемиологӣ пурра риоя карда мешаванд.

Мақомоти Афғонистон дар робита ба ин гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик, Афғонистон омода аст, ки роҳи транзити Эронро тавассути кишвараш ба Тоҷикистон ва Узбакистон кушояд, аммо дар баробари ин шарт гузоштааст, ки Эрон сарҳади Туркманистонро боз кунад.

 

 

20
Барчаспҳо:
коло, транзит, Туркманистон, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон