ВУД: дар ноҳияи Ҷайҳун дуздии гурӯҳӣ ошкор шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохила менависад, дар гурӯҳ ҳамчунин як писарбачаи ноболиғ будааст, ки даст ба дуздӣ задааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун дуздии гурӯҳӣ ошкор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон. Ниҳод афзудааст, аз ҷумла яке аз муттаҳамони амали  дуздӣ, ноболиғ-писарбачаи 17-солаи ноҳияи мазкур мебошад.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун мактуби Раёсати Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Баҳористон-2013 ворид гардидааст, ки аз дуздӣ аз ширкат хабар дода мешуд.

"Моҳи декабри соли 2017, шахсони омаълум бо тариқи кушодани тирезаи корхонаи мазкур, ки камераҳои мушоҳидавӣ ва тирезаҳояш панҷара надоранд, вориди корхона шуда, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи "Самсунг"-ро бо ҳама таҷҳизотҳояш, 1-адад ҷевони оҳанин ва 1-адад таҷҳизоти барқдиҳанда, ки арзишашон 10 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд", омадааст дар гузориши манбаъ.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия 3 нафар мардони 21, 23, 24-сола ва ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокинони ноҳияи Ҷайҳунро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0