ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бист кӯдаки бемори модарзоди дил бо кӯмаки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дармон ёфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар итттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи 19 мартраисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии "Дунёи афсона" — ро барои кӯдакони кишвар мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи "Дунёи афсона" — ро Корхонаи Воҳиди Давлатии "Лоиҳакаш" — и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии "Ширкати алюминии тоҷик" таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.
"Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.
Манбаъ меафзояд дар рӯзи ифтитоҳи "Дунёи афсона" яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки бо иқдомҳои нраисҷумҳури Тоҷикистон ба таври ройгон ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
"Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ин кӯдакон комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд. Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд", — меафзояд дафтари матбуотӣ.
Падару модарони кудакони ҷарроҳишуда, ба раисҷумҳур изҳори сипосу миннатдории худро баён доштанд, зеро табобати чунин бемориҳои дил дар хориҷи кишвар ва он ҳам бо харҷи зиёди маблағ гузаронида мешуд.
Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.
Хурсандибахш он аст, ки дар ин маҷмааи навбунёд даҳҳо нафар занону мардон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.
Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.
Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.
Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.
Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.
Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд
"Корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.
"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.
Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.
“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.
Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.
Масалан Доналд Трампро ҳанӯз 10 сол пеш дар ин филм ба ҳайси президенти ИМА интихоб карда буданд.
Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор
Дар ҳамон филм аввалин маротиба соатҳои Apple Watch, чанд чол пеш аз инқилоби "себӣ" пайдо шуда буданд.
Ҳаводорони филми тасвирии "Сипмсонҳо" боз чанд лаҳзаи дигари пешбинишударо дарёфт карданд:
Дигар пешбиниҳои хонаводаи "Симпсонҳо" - ро дар навори боло тамошо кунед.