Занони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бе калӯш ва доманҳои кӯтоҳ: барои либоспӯшии занон дастурамал мунташир шуд

439
(Таҷдидшуда 14:55 20.03.2018)
Дастурамал аз чанд боб иборат аст: барои кормандони сохторҳои давлатӣ, барои иду маросимҳо ва бояд аз кадом либос даст кашид

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад, дар Тоҷикистон дастуруламали либосҳои миллӣ барои занон мунташир шуд.

"Дар Тоҷикистон "Дастури сарулибоси тавсияшуда барои духтарон ва занон дар Тоҷикистон" — китоби тарҳу ангораҳои сарулибоси занона ба нашр расид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Китоб бо теъдоди 300 нусха бо забони тоҷикӣ дар 368 саҳифа дар матбааи "Эр-Граф" чоп шуда, нархаш 110 сомонӣ аст.

Дар ин китоб тавсияҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ доир ба чӣ гуна сарулибос ба бар кардани духтарону занон дар чорабиниҳои гуногун ва ҳаёти рӯзмарра зикр мешавад.

Дар китоб барои духтарону заноне, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, низ тарҳҳои пӯшидани чӣ гуна сарулибос тавсия дода мешавад.

Ҳамчунин дар дастур оид ба сарулибоси занони синни аз 7 то 70 солаи Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат тарҳҳо пешниҳод шудааст.

Дар фасли 11-и китоб ба духтарону занони Тоҷикистон пӯшидани либосу рӯймоли сиёҳ, ҳиҷоби сиёҳ, либоси беҳад ошкори аврупоӣ, домани кӯтоҳ (мини юбка) либосҳои урён (деколте, топик), либос аз матоъи шаффофу намоён, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бар кардани калӯшу тапочка, либоси хонагӣ, шимҳои танг, либос аз матоъи синтетикӣ ва либоси зараровар барои солимӣ тавсия дода намешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки пӯшоки занонро дар Тоҷикистон танзим мекунанд. "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон"-ро се ниҳод — Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон омода кардаанд.

Як намояндаи Кумитаи занон гуфта буд, ин дастуруламал ба бонувону духтарони аз 7 то 60-сола чӣ гуна пӯшидани "либоси миллӣ"-ро тавсия медиҳад.
Ба қавли Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули Кумитаи занон, дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад.

Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.

Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.

439
Барчаспҳо:
дастурамал, либос, занон, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

80
(Таҷдидшуда 08:56 10.08.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, душанбе, аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1400 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3120 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1991 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1425 то 0,1445 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1390 то 0.1460 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1415 то 0,1470 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

80
Барчаспҳо:
евро, сомонӣ, доллар, рубл, арзиш, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Люди в масках в городе

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

915
(Таҷдидшуда 19:58 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 45 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар давоми 24 соати гузашта, 89 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7785 нафар баробар гардид.

"То санаи 9 август дар мамлакат 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Ин ниҳод даъват карда, ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

915
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон