Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода

Вазири фарҳанг: Наврӯз бо иқдоми раисҷумҳур таровати тоза касб кард

41
(Таҷдидшуда 09:59 21.03.2018)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, аҳли фарҳангро бо ҷашни наврӯз ва Рӯзи фарҳанг табрик гутфааст

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Вазир гуфтааст, ки таҷлили ботантанаи Наврўзи Аҷам – иди бостонии ниёгонамон, бахусус бо шарофати истиқлол ва иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззам шукӯҳу таровати тоза касб намуд, менависад равобити умумии Вазорати фарҳанг.

Дар идомаи табрикот вазир гуфтааст, ки басо рамзист, ки таҷлили Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон ба оғози баҳори фархунда, Наврўзи ҷаҳонафрўз рост меояд.

Аз ин рӯ, бо эҳтироми калон аҳли фарҳанги кишварро ҳам бо иди касбӣ ва ҳам бо фарорасии Иди байналмилалии Наврўзи хуҷастапай, иди баҳору зиндагӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва аҳли хонадонатон сиҳатмандӣ, фаъолияти муваффақонаи эҷодӣ ва саодату хушрӯзиро таманно менамоям.

25-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар Хуҷанд
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихори бепоён аст, ки бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар радифи инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт соҳаи фарҳанг рушду нумўъ ёфта, расму оини ниёгонамон эҳё мегардад ва сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеаву ҳисси ифтихору сарфарозии сокинони кишвар аз давлатдории миллии тоҷикону соҳибкитобу соҳибфарҳанг буданашон боло меравад.

"Таҷлили ботантанаи ҷашни фархунда, Наврўзи Аҷам – иди бостонии ниёгонамон, бахусус бо шарофати Истиқлолият ва иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззам шукўҳу таровати тоза касб намуд", — омадааст дар табрикоти вазир.

Эълон гардидани 20 март ҳамчун Рӯзи фарҳанг ва рост омадани он ба ҷашни зебои Наврўзи навбаҳорон фаъолияти моро бешак дар иҷрои нақшаҳои пешгирифтаамон, ҷиҳати рушду нумўи санъату фарҳанги мамлакат, беш аз пеш пурсамар намуда, ба бахту саодат ва баракати кори аҳли фарҳанг дастовардҳои нав зам менамояд.

Ду ҷашни фирўз муборак ва табъи хушу хотири ҷамъ ва саодати рўзгор, муваффақиятҳои кор баҳри рушди фарҳанги кишвар ҳамеша ҳамқадаматон бод, ҳамкасбони гиромӣ!

41
Барчаспҳо:
Наврӯз, табрикот, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Тонущий человек, архивное фото

Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

10
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе, ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ӯ ғарқи об шуда ҷон бохт.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

10
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, дучархарон, Лахш
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

345
Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯянд, ки дар фиреби 4 мард муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Аз болои сокини 30 - солаи шаҳри Кӯлоб марди 40 - сола, ки низ аз ҳамин шаҳр мебошад, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Бар тибқи даъвои сокини Кӯлоб, ҷавони 30 - сола соли гузашта ба боварияш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, ин ҷавон бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, барнагардондаст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34 - сола ба боварии марди 32 - солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

"Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки  дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500  сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

345
Барчаспҳо:
қаллобӣ, пулис, ҷустуҷӯ, сокин, Кӯлоб

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

0
Вуруд ва бурун рафтан аз бозори "Теплий стан" дар шаҳри Маскав муваққатан масдуд гардид. Иллати баста шудани бозор ба шикори муҳоҷирони ғайриқонунӣ рабт дода мешавад

Дар бозори "Теплий стан" - и шаҳри Маскав алъон рейди кормандони пулис алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷараён дорад.

Даромад ва баромади мардум ба бозори мазкур муваққатан масдуд гардидааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд

Зикр мегардад, ки рейди мазкур ба хотири дастгир намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ пиёда гардидааст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршудагоне, ки дар сохтакории як қатор ҳуҷҷатҳо ва мӯҳрҳо машғул буданд, ҳоло дастгир карда мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, амалиёти мазкур дар ҳамкории пулис бо Хадамоти федеролии Русия ва Росгвардия сурат мегирад.

Тибқи гузоришҳои тасдиқнашуда, ин рейд метавонад ба бархӯрди байни муҳоҷирон ва полис дар авоили моҳи август бастагӣ дошта бошад.

0
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, муҳоҷирон, Маскав, баста, бозор