Кӯдак, акс аз бойгонӣ

Бонки ҷаҳонӣ: дар Тоҷикистон ба ҳар тифли панҷум ғизои кофӣ намерасад

47
(Таҷдидшуда 17:15 22.03.2018)
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ҳар тифли панҷуми зери синни панҷсола, аз баланд нашудани қад азоб мекашанд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 20%-и атфоли зери синни панҷсола, аз баланд нашудани қад азоб мекашанд, гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Мувофиқи маълумоти охирини мавҷуда, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дараҷаи баланди афзоиш наёфтани қади атфол дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Мувофиқи тадқиқот, ба хатари афзоиш наёфтани қад атфоле дучоранд, ки аз оилаҳои камбизоатанд, хӯрокҳои серғизо истеъмол намекунанд ва ба оби тоза дастрасӣ надоранду, дар шароити номусоиди беҳдоштӣ ба сар мебаранд.

Данные исследования Всемирного банка
Данные исследования Всемирного банка

Сатҳи баландтарини тавсеаи маризии баланд нашудани қад дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (24 фоиз), ва пасттарини он дар шаҳри Душанбе (10 фоиз) мушоҳида мешавад.

Бо вуҷуди ин, тадқиқотчиён қайд кардаанд, ки дар тӯли даҳсолаи охир, паҳншавии афзоиши қади тифлон дар Тоҷикистон, паст шудааст.

Таҳқиқотҳо аз ҷониби мутахассисони Тоҷикистон дар моҳҳои октябр-декабри соли 2016 гузаронида шуданд. Дар гузориш қайд мегардад, ки ҳамчунин дар Тоҷикистон атфол ба маризиҳои аз ҳад зиёд харобшавӣ, камхунӣ ва норасоии микроэлементҳо дида мешаванд.

Данные исследования Всемирного банка
Данные исследования Всемирного банка

Муаллифони гузориш ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барномаҳои марбут ба ғизогирии атфол дар деҳотро беҳтар намуда, беҳбудии дастрасии об ва хизматрасонии тиббиро ба ҷо оранд. Ҳамчунин нақши мусбии синамаконии атфол то синни 1 соларо таъкид кардаанд.

47
Барчаспҳо:
ғизо, кӯдак, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода

Раҳмонзода рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." - ро муайян кард

36
(Таҷдидшуда 12:17 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардид

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, ҳамзамон раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии озмун ҷаласаи корӣ баргузор кард.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои ҳакамони даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланд доир намудани даври ниҳоии озмун, муайян намудани тартиби баҳогузорӣ ба маҳорат ва истеъдоди довталабон тибқи Низомномаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ",баррасӣ гардид.

Ҳамин тавр муайян шуд, ки аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини вазири фарҳанги  Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода сухан гуфта, ин иқдоми созандаи президентро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Манбаъ афзуда, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи корӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гуфта мешавад.

36
Барчаспҳо:
дақиқ, даври ниҳоӣ, озмун, Тоҷикистон
Портфель, архивное фото

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Юлдошзода сардори Сарраёсат ва Собиров сартабиб шуд

438
(Таҷдидшуда 12:20 25.11.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо судури ду қарор сардори Сарраёсати кишоварзӣ ва сартабиби Бемористони дилу шарёни вилоятро таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, бо қарори Аҳмадзода, Олимбек Юлдошзода, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъйин гардидааст.

Юлдошзода то ин вақт, сардори Хоҷагии ҷангали вилоят буд ва ҳоло дар мақомои нави вазифавӣ ҷойи Хайрулло Бобозодаро иваз намуд. Бобозода, солҳои дароз ҳамчун агрономи рақами аввал дар Сарраёсати кишоварзии Суғд фаъолият мекард ва зимнан дақиқ нест, ки бо омадани Юлдошзода, ӯ ба кадом вазифа таъйин мешавад.

Инчунин дар пайи судури қарори Раҷаббой Аҳмадзода, Собир Собиров сартабиби Бемористони дилу шарёни вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ду рӯз қабл маросимии муаррифи сартабиби нави ин бемористон ба иштироки Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд доир шудааст.

Собир Собиров дар гузашта, минҳайси сардори Раёсати тандурустӣ ва сартабиби Бемористони клиникавии Суғд фаъоляит кардааст.

Таъйиноти кадрӣ дар МНДСЭ Суғд: чаро роҳбарони ин идора зуз-зуд иваз мешаванд?

Ӯ ҳоло дар мақоми нави вазифавӣ, ҷойи Ҳибибулло Муҳиддиновро иваз намуд. Муҳиддинов сарвари Маркази солимгардонии дилу шарён (маъруф ба дачаи Кардиология) таъйин гардидаст.

438