Акмал Усмонов, Кӯли Сарез

Кӯли Сарез намои сохтмони Созмони милали муттаҳидро оро дод

267
(Таҷдидшуда 16:17 23.03.2018)
Дар Рӯзи ҷаҳонии об намои сохтмони Маҷмаъаи умумии Созмони миллали муттаҳидро бо тасвири кӯли Сарез оро доданд, ки онро нигоргари номдори тоҷик Акмал Усмонов падид овардааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯзи ҷаҳонии об бо қарори Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид аз соли 1992 ҳар сол 22 март баргузор мешавад.

Дар ин рӯз намои беруни сохтмони Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йоркро бо тасвире аз кӯли Сарез оро доданд, ки онро аккоси ҳунарии номдори тоҷик Акмал Усмонов падид овардааст.

Ин хабарро Акмал Усмонов дар сафҳаи фейсбукии худ мунташир кардааст.

Тасвире, ки намои сохтмони МУ СММ-ро оро медиҳад, "Аҳдаҳои хуфтаи Осиёи Марказӣ – кӯли Сарез. Мурғоб" ном дорад.

"Намояндагони Созмони милали муттаҳид аз ман дархост карданд иҷоза диҳам ин асарамро барои ороиши мавзуъи "Табиат ва об" дар нишастҳои СММ ба кор баранд. Ман ин дархостро пазируфтам ва иҷоза додам он тасвирро дар интишороти Созмони милал низ ба кор баранд", — навиштааст ин ҳунарманд дар сафҳааш.

Акмал Усмонов дар чандин намоишгоҳи акс дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат кардаву барандаи ҷоизаҳои бисёре шудааст. Чунончи, вай дар озмуни аккосии "Best of Russia" (Беҳтарин акси Русия) баранда шуда буд.

Яке дигар аз асарҳои Акмал Усмонов – "Қурутфурӯш. Истаравшан. Тоҷикистон" дар озмуни аккосии "Нуқтае дар нақша. Шаҳрҳои хурд", ки дар шаҳри Углич дар Русия баргузор шуда буд, дар бахши "Акси танҳо" беҳтарин шинохта шуда буд.

Кӯли Сарез дар паи заминларзае вайронгар дар соли 1911 падид омада буд. Дар паи ин заминдарза кӯҳпорае уфтодаву дараи рӯди Мурғобро баста буд ва кӯле, ки пушти ин садди табиӣ падид омад, чанд русто, аз ҷумла Сарезро ғарқ кард.

Ҳамакнун жарфои ин кӯл 500 метр буда ва пушти сарбандаш 17 килуметри мукааб об банд шудааст. Дарозои ин кӯл камобеш 75 килуметр ва паҳнояш беш аз 3 килуметр аст. дар ин сарбанд беш аз 90 дарсад аз оби рӯди Мурғоб банд шуда ва рӯде, ки аз кӯл сарчашма мегирад, Бартанг ном дорад, ки дар рӯди Панҷ мерезад.

267
Барчаспҳо:
СММ, Акмал Усмонов, Тоҷикистон