Раҷаббой Аҳмадзода, акс аз бойгонӣ

Раҷаббой Аҳмадзода хатнасури 25 кӯдаки ниёзмандро баргузор кард

50
(Таҷдидшуда 21:24 23.03.2018)
Рӯзи 22 март дар тарабхонаи "Ҷавонӣ"- и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода хатнасури хайриявии 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik.Хатнасури хайриявии кӯдакони оилаҳои ниёзманд бо ташаббуси Раёсати андоз дар вилояти Суғд ташкил гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд. Бино бар иттилои манбаъ, дар маъракаи хатнасури кӯдакони ниёзманд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан ширкат варзид.

Раиси вилоят зимни суханронии худ аз ин иқдоми нек истиқбол намуда, таъкид кард, ки бояд дар оянда низ чунин корҳои хайр ба анҷом расонида шавад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон кӯдакони хуштолеъ ва пайвандони онҳоро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои раисҷумҳур  Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

"Сипас, аз ҷониби Раиси вилоят ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд",- омадааст дар гузориши дафтари матбуотӣ.

Пештар хабар дода шуд, ки Раиси вилояти Суғд ба муносибати ҷашни Наврӯз ба 33 собиқадори меҳнат кӯмаки молӣ кард. Рӯзи 21 март дар толори шаҳрдории Хуҷанд бо ширкати муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба 33 нафар собиқадороне, ки барои пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд, кӯмакҳои якдафъаинаи Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Сипас муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои пулӣ тақдим карданд.

50
Барчаспҳо:
кӯмак, кӯдакони ниёзманд, хатнасур, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон