Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷиканд

Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Панҷиканд Наврӯз таҷлил кард

82
(Таҷдидшуда 10:43 29.03.2018)
Шоми рӯзи 28 март Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Панҷиканд ширкат кард

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисҷумҳур кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷикандро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки наврӯзи имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, чун ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" расман оғоз гардидааст.

"Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур изҳори умед кардааст, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷиканд бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукуҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтааст.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷиканд ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги наврӯзӣ бошукуҳ баргузор шудааст.

82
Барчаспҳо:
таҷлили Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Панҷиканд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото

Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонашбоз мондааст?

72
(Таҷдидшуда 17:33 28.05.2020)
Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон Фарух Неъматзода гуфтааст,  ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

"Ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст", - афзудааст вай.

Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд.

72

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассиси касбӣ меҷӯяд, аммо маош 868 сомонӣ

63
(Таҷдидшуда 19:36 28.05.2020)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмуни кушода эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мансабҳои холӣ дар шаҳри  дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумуҳрӣ озмун элон намудааст.

Масъулини кумитаи таъкид намудааснд, ки маоши вазифавии мутахассисоне, ки ба кор ҷалб карда мешаванд аз 868 то 1400 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ зикр намудааст, ки дар дастгоҳи марказӣ ба ҳафт мутахассис, дар вилояти Хатлон ба 6 мутахассис, Суғд  ба 5 нафар, дар ВМКБ ба 2 нафар ва дар Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 3 нафар дар Душанбе ба 2 нафар мутахассиси ҳирфаӣ, ки тариқи озмун интихоб мешаванд ниёз дорад. Дар маҷмӯъ ин Кумита ба  25 мутахассис ниёз дорад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки нафароне, ки барои мансаби сардори Шуъба даъво хоҳанд кард, бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, чаҳор соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ бошанд.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис, таҳсилоти олии касбӣ, ду сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ лозим будааст.

Аммо барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис таҳсилоти олии касбӣ,  ва як соли собиқаи умумии меҳнатӣ.

Рӯйхати пурраи вазифаҳои холӣ дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шудааст.

63
Барчаспҳо:
маош, мутахассисон, озмун, мансаб, Кумитаи ҷавонон, Тоҷикистон