Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-2018" дар "Кохи Борбад" идома дорад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешДни Навруза на Старом Арбате в Москве
Дни Навруза на Старом Арбате в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2018", ки дирӯз оғоз гардид, идома дорад.

Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31 марти соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» —и Душанбе сурат мегирад.

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро дар бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизоти соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук, сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0