Дар ноҳияи Ванҷ Маркази ҳамкориҳои мардуму милитсия ифтитоҳ шуд

© Фото : Аз ВУДМаросими ифтитоҳи маркази ҳамкориҳои мардум ва милитсия дар Ванҷ
Маросими ифтитоҳи маркази ҳамкориҳои мардум ва милитсия дар Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ маросими ифтитоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Марказ аз се утоқи корӣ иборат буда, якеаш барои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ду утоқи дигар барои нозирони минтақавӣ ҷудо карда шуда, ҳамаи утоқҳо бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳхаз гардидаанд.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Раҷабова Давлатбибӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, сардори ШВКД дар ноҳияи Ванҷ полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон, намояндагони Сафорати Амрико, ҷаноби Ҷеймс Берг, ташкилоти "Дунёи бехатар" Хирад Каргасов ва Зоҳир Асаншоев, Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ Манучеҳр Холиқназаров, ташкилоти шарик аз шаҳри Хоруғ Некруз Наврузов ширкат кардаанд.

© Фото : Аз ВУДМаркази ҳамкориҳои мардум бо милитсия дар Ванҷ
Маркази ҳамкориҳои мардум бо милитсия дар Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази ҳамкориҳои мардум бо милитсия дар Ванҷ

Ин сохтмон бо мақсади беҳбуд бахшидан ба рафти фаъолияти кормандони милитсия, бахусус бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Дар ҷамоати деҳоти "Симиганҷ"-и шаҳри Ваҳдат Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа бунёд шуд.

Лентаи хабарҳо
0