Раъду барқ, акс аз бойгонӣ

Ҳушдор: имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ва бориши борон дар назар аст

79
(Таҷдидшуда 10:07 03.04.2018)
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Имрӯз, 3 апрел дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ҷойҳо ҳанӯз ҳам чангу ғубор боқӣ монда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

79
Барчаспҳо:
раъду барқ, борон, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Похороны человека умершего от заражения вирусом, архивное фото

Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ

11
(Таҷдидшуда 18:33 08.07.2020)
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон омори нави гирифторон, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистонро нашр кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 8 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6364 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5011 (78,7%) нафар беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 46 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

11
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, омор, Тоҷикистон
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

Дар шаҳри Хоруғ пули нави мошингузар сохта мешавад

19
(Таҷдидшуда 17:33 08.07.2020)
Ин сеюмин пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ хооҳад буд, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта,  санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, ки дарозии пул бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад.

Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва интизор меравад, ки мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.

19
Барчаспҳо:
ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, иншоот, ВМКБ