Боздошт, акс аз бойгонӣ

Раиси ҷамоат дар Конибодом ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд

827
Раиси ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом Ҳайдар Усмонзода аз як зани хуҷандӣ 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Конибодом раиси ҷамоат ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд.

Бино бар иттилои манбаъ,  Ҳайдар Усмонзодаи 55-соларо кормандони милисаи чанде пеш ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ дастгир карданд.

"Раис, ба воситаи миёнарав, сармуҳосиби хоҷагии деҳқонӣ, зани 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқов, аз зани 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ 15000-сомониро  талаб кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳайдар Усмонзодаро дар меҳмонхонаи "Шоми Қанд" ҳангоми гирифтани 15000 сомонӣ дастгир карданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

827
Барчаспҳо:
пора, Ҳайдар Усмонзода, Тоҷикистон