Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Хуҷанд

1493
(Таҷдидшуда 10:06 05.04.2018)
Маъруф Муҳаммадзода аз раисони навтаъин даъват кард, ки пеш аз ҳама ба мардум хидмат карда, барои ободсозии шаҳр саҳм гузоранд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чор раиси нави Кумитаи маҳаллаҳои шаҳрро таъин кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора амри вижаи Муҳаммадзода ба имзо расидааст.

Ҳамин тавр, раиси кумитаи маҳаллаи "Чорчароғ" Ҳусейн Азизов, раиси кумитаи маҳаллаи "Содирхон Ҳофиз" Абдуҳабиб Ҳомидов, раиси кумитаи маҳаллаи "Чашмаи Арзана" Мубин Маҳмудов ва раиси кумитаи маҳаллаи "Ваҳдат" таъин шудаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрдори Хуҷанд зимни мулоқот бо раисони нав аз онҳо даъват кард, ки пеш аз ҳама ба мардум хидмат карда, ба ободсози шаҳр саҳм гузоранд.

"Раиси шаҳр таваҷҷуҳи эшонро пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода равона сохта, аз ҷумла таъкид намуд, ки вазифаи аслии раисони маҳаллаҳо хизмат ба мардум аст",- меафзояд манбаъ.

Бояд қайд намуд, ки феълан дар шаҳри Хуҷанд 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр амал намуда, чунин сохтори идорӣ дар қаламрави вилоят назир надорад. Дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ғайр аз раиси маҳалла, ҳамчунин шӯрои занон ва шӯрои ҷавонон низ амал мекунанд, ки ҳамагон аз буҷаи маҳаллӣ маош мегиранд.

1493
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Маъруф Муҳаммадзода, Тоҷикистон