Ришваситонӣ, акс аз бойгонӣ

Ба аскарӣ намеравӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 1000 доллар пора ситонд

253
(Таҷдидшуда 11:02 05.04.2018)
Ёвари сардори Комиссариати ҳарбии шаҳр аз шиносаш марди 26-сола 1000 доллар талаб карда, бар ивазаш ваъда додааст, ки ӯро аз хидмати ҳарбӣ озод мекунад ва барояш билети ҳарбӣ гирифта медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, як корманди Комиссариати ҳарбӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар Конибодом ёвари сардори Комиссариати ҳарбии шаҳр аз шиносаш марди 26-сола 1000 доллар талаб карда, бар ивазаш ваъда додааст, ки ӯро аз хидмати ҳарбӣ озод мекунад ва барояш билети ҳарбӣ гирифта медиҳад.

"Соати 21:30, 3-юми апрели соли равон, кормандони милиса ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ  муттаҳамро дар ошхонаи "Меҳрангез" баъди гирифтани маблағ, бо далели шайъӣ дастгир карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯйи ҳодиса мутобиқи моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

253
Барчаспҳо:
ришва, Комиссариати ҳарбӣ, Тоҷикистон