Обу ҳаво: се рӯзи ахир дар Тоҷикистон борону барф меборад

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз 7 то 10 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Рӯзҳои 8 ва 9 апрел ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, дар ин муддат пастшавии ҳарорати рӯзона пешбинӣ шуда, дар водиҳо ҳарорат то 8-10С паст мешавад. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ вазиши сахти бод то 15-20 м дар як сония ва ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.

Имрӯз, 6 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона 10-12 ва рӯзона 28-30 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0