Телефони мобилӣ, акс аз бойгонӣ

Қисмати Beeline дар Тоҷикистон пас аз рафтани VEON чӣ мешавад?

226
Имрӯз, 6 апрел ширкати VEON эълом кард, ки саҳмияҳояшро дар Тоҷикистон фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол ҷузъиёти бештари ин созишнома маълум нест

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Намояндаи ширкати VEON дар Тоҷикистон Александр Атаманов ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки муассиса тамоми бастаи саҳмияҳои Билайни Тоҷикистон- ширкати "ZET Mobile"-ро фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ҷузъиёти бештари созишномаи хариду фурӯш ба вай маълум нест.

"Ман гуфта наметавонам, ки оё соҳибони нави "ZET Mobile" хизматрасониро бо бренди  "Beeline Tajikistan" идома медиҳанд ё на. Ҳоло ширкат корашро дар низоми маъмулӣ идома меҳидад, ҳамаи коргарони дар ҷойи худ ҳастанд. Вазъият дар оянда чӣ мешавад, маълум нест,- мегӯяд вай.

Дар бархе аз расонаҳои Тоҷикистон хабаре паҳн гардид, ки гӯё Билайнро ширкати алюминии ТАЛКО харидааст, аммо дафтари матбуотии корхона ин маълумотро рад кард.

"Риштаи фаъолияти ТАЛКО алоқаи мобилӣ нест ва мо ҳеҷ гоҳ саҳмияҳои ширкатҳои мобилиро харидорӣ накардаем",- мегӯяд раиси шӯъбаи иттилоотӣ Игор Сатторов.
Вай ҳамчунин афзудааст, "ZET Mobile" бо ТАЛКО иртиботе надорад.

"Шояд роҳбари ширкати хусусӣ бо муассисаи  мо иртиботе дошта бошад, аммо ман дар ин бора маълумоте надорам",- таъкид кард вай.

Маълум аст, ки  "ZET Mobile" дар соли 2003 пас аз муфлисшавӣ фурӯхта шуд. Ҳоло  онро Маҳмуд Нодиров, хешованди Ҳасан Асадуллозода — раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Пештар ба вай 5 фисади саҳмияҳои ширкати "Таком" тааллуқ дошт.

Ёдрас мешавем,  VEON эълом кард, ки Тоҷикистонро тарк  мекунад.

Операторҳои VEON  дар Аврупо, Осиё ва Африқо хизматрасонӣ мекунанд. Ширкат дар тамоми ҷаҳон наздики 240 миллион мизоҷ дорад.

226
Барчаспҳо:
созишнома, Билайн, Тоҷикистон