ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳад, як рӯз дар Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология ҶТ барои шаҳрвандони кишвар ташхис ройгон аст.
Бино бар иттилои манбаъ, ин чорабинӣ бахш бахшида ба "Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ" доир карда мешавад.
"Рӯзи 7 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявӣ зери шиори "Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ" гузаронида мешавад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сўҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.
Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.
Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Исфара яхдоне пайдо шуд, ки дилҳоро нарму гарм мекунад, хабар медиҳанд шоирона расонаҳои маҳаллӣ.
Бино бар иттилои манобеъ, гап дар бораи "Яхдони меҳрубонӣ" меравад, ки барои ниёзмандон ташкил шудааст.
"Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳри Исфара ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат гузошта шудааст.
Аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.
Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.
Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки "Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!"
Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи хӯрока пур карда мешавад.
Лекин нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ як мушкилӣ тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонанд.
Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд
Дар "ИМОН Интернешнл", умед бар он доранд, ки "Яхдони меҳрубонӣ" дили афроди дороро нисбат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.