Корманди полис, акс аз бойгонӣ

Мастӣ ба пастӣ: ошкор шудани чанд табаҳкорӣ дар Хоруғ

702
(Таҷдидшуда 15:31 07.04.2018)
Падаре ба шӯъбаи милиса шикоят бурдааст, ки писараш шабона ва дар ҳолати мастӣ бо хонавода ҷанҷол карда, ӯро латукӯб кардааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд рӯзи охир Шӯъбаи ВУД дар Хоруғ чанд ҳолати табаҳкориро байни сокинон ошкор кардааст.

Мастӣ ба пастӣ

Чунончӣ, ба милиса марди 63-сола  Шоғариб Чоршанбиев шикоят кардааст, ки санаи 4-уми апрели соли равон, соати 01:30-дақиқаи шаб, писараш Чоршанбиев Фируз  соли таваллудаш 1980, оиладор ва соҳиби як фарзанд, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо падар ва аҳли хонавода ҷангу ҷанҷол намуда, падари худро мавриди лату кӯб қарор додааст. 

Як бор ҷасти малахак

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ шаҳрванд Ҳайдарбеков Фармонбек Мамадбекович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани кофтукови дохили хонаи истиқоматӣ аз даруни шифти хонааш 2 адад гугирдқуттӣ, ки дар дохилашон маводи хамираи ҷигариранг ва як адад селофани полиэтиленӣ, ки дар дохилаш маводи монанд ба маводи нашъадор буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар ВМКБ маводҳои дарёф кардашуда, маводи навъи "афюн" дар ҳаҷми 20 грамм ва маводи "ҳашиш" дар вазни 70 граммро ташкил медиҳанд. 

Ошкор шудани дузӣ

Санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ шаҳрванд Давлатёров Давлатёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 6 ноябри соли 1973, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ оварда шуд. 

Зимни пурсиш аз тарафи кормандони милитсия маълум гардид, ки номбурда ҳангоми баромадан аз ошхонаи "Угалок", воқеъ дар шаҳри Хоруғ аз кисаи сумкаи рангаш сиёҳ, ки ба шаҳрванд Алибекова Ҳанифа Амирбековна тааллуқ доштааст, маблағи 180-сомониро дуздида, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. 

Ҳодисаҳои мазкур тафтиш мешаванд ва санҷиш дар ШВКД шаҳри Хоруғ идома дорад.

702
Барчаспҳо:
табаҳкорӣ, тафтишот, дар ҳолати мастӣ, милиса, Тоҷикистон
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Духтари сесоларо таҷовуз кардааст: суди Душанбе баррасии парвандаи Зиёевро оғоз кард: акс

114
(Таҷдидшуда 22:35 03.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисими сеюми моддаи 138 (таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҳукми қатл ё ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қисми чори моддаи 139-и Кодекси ҷиноии кишвар барои ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.

Қисми якуми моддаи 127 бошад дидаю дониста дар хатар монондан ва нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштанро дар бар гирифта, ашхоси муттаҳам бо чунин соддаро ду сол зиндон таҳдид мекунад.

114
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: 50 ҳолати ҷадид ва шифо ёфтани 72 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

389
(Таҷдидшуда 19:01 03.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироятшавӣ ва шифоёфтагон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 сабт гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ба мисли чанд ҳафтаи охир ягон мавриди фавти маризони коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.

Зимнан, аз 30 апрел то 3 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6108 нафар баробар шудааст, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4762 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 216 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 72 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

389
Барчаспҳо:
омор, сироят, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон