Хонащои дар паи заминҷунбӣ валангоршуда

Чаро даҳҳо хона дар Балҷувон фурӯ рехт: шарҳи КҲФ

149
(Таҷдидшуда 13:11 08.04.2018)
30-уми марти соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон чанд заминларза ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон сабаби дар паи заминҷунбӣ валангор шудани манзилҳо дар Балҷувоно муайян кардааст.

Ҳайате аз комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарварии муовини аввали раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ба Балҷувон сафар карда буд, натиҷаи диду боздид ва таҳқииқоташро хулоса кардааст.

"Аксари хонаҳои харобшуда солҳои 80-и асри гузашта бидуни риояи қоидаҳои зиддизаминларза сохта шуда буданд ва то имрӯз онҳо аслан таъмин ҳам нашуда буданд. Як сабаби харобӣ кӯҳнагиву осебпазир будани ин биноҳо буд. Вагар заминларза бо қувваи 3-4 балл наметавонад хонаҳоро валангор кунад", —омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки 30-уми марти соли 2018 дар қаламрави кишвар заминларзаҳо ба қайд гирифта шуд, ки "бар асари чанд маротиба такон хӯрдани замин дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 62 хона зарар дид. Аз ин 62 хона 7 хона дигар барои зисту зиндагӣ қобили истифода нест ва ҳатто зистан дар онҳо хатар дорад".. 

Гурӯҳи корӣ аз хонаҳои сокинони деҳаҳои  Пештова, Сафедоб, Гулзамин,Сиёҳтут, Султонвайсӣ, Шингдара, Муллохконӣ, Шипдара, Аспирингон, Уланг ва Ниҳолаки ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон боздид кардааст.

Ба иттилоъи КҲФ, таҳқиқ нишон додааст, ки ҳамаи хонаҳои мавриди тафтиш қароргирифта осеб дидаанд, аз сабаби кӯҳнаву фарсуда будан ва аз гил сохта шуданашон қисман фурӯ рафтаанд. Ин хонаҳои истиқомати бе гузаронидани чораҳои зиддизаминларза сохта шуда буданд, бидуни пойдевори мустаҳкам. Ҳамчунин таҳқиқ нишон дод, ки баъзе тарқишҳо дар ин хонаҳо бар асари боришот пештар аз заминларза ба вуҷуд омадаанд. Ин хонаҳо охирҳои солҳои 80-и асри гузашта бунёд шуда буданд.   

"Ҳангоми заминларзае, ки қувваи он 3-4 баллро ташкил медиҳад ва дар Балҷувон қувваи он ҳамин 3-4 баллро ташкил медод, хонаҳо вайрон намешаванд",- гуфта мешавад дар маълумотномаи гурӯҳи корӣ.

Тибқи арзёбии шиддати заминларза бо ҷадвали МSК-64 заминларзаи чорбалла чун заминҷунбии ҳисшаванда, панҷбалла заминларзаи мутавассит дониста мешавад, ки дар онҳо эҳтимол дорад мебели хонаҳо ҷунбанд, деворҳо тарқиш пайдо кунанд, вале на беш аз ин.

149
Барчаспҳо:
сабаби фуру рехтан, заминҷунбӣ, КҲФ Тоҷикистон, Балҷувон, Тоҷикистон