Билет. Акс аз бойгонӣ

То 10 рӯз озод: Тоҷикистон буду бошро барои хориҷиён осон мекунад

171
(Таҷдидшуда 13:57 09.04.2018)
Пас аз ислоҳи қонун хориҷиён метавонанд бидуни иҷозатномаи иқомати муввақат дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Хориҷиён метавонанд дар Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи иқомати муввақат дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд, хабар медиҳад Тоҷик.ТА бо такя ба манобеъи худ дар парлумон.

"Парлумони Тоҷикистон имрӯз ба баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон" оғоз намуд",-омадааст дар хабарнома.

Тағйирот буду боши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон осон мекунад. Ҳамин тавр, хориҷиён метавонанд дар Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи иқомати муввақатӣ дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд.

Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони хориҷӣ бояд  дар муддати 3 шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат, шиносномаҳои хориҷии худро барои ба қайд гузоштан ба нуқтаи таъинот пешниҳод кунанд.

Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пас аз тасдиқ дар ҳарду палатаи парлумон ва имзои раисҷумҳур мавриди амал қарор мегиранд.

171
Барчаспҳо:
буду боши хориҷиён, Парлумон, Тоҷикистон