Бод, акс аз бойгонӣ

Ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ мемонад

94
(Таҷдидшуда 10:30 10.04.2018)
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ,10 апр- Sputnik.Имрӯз, 10 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2000 метр эҳтимоли боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шабона дар водиҳо 6-11 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона 7-9 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

94
Барчаспҳо:
бод, борон, Агентии ҳавосанҷӣ, Тоҷикистон