Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

Рустам Эмомалӣ ба Душанбе 5 троллейбуси муосир ворид мекунад

215
Воридоти нақлиёти нав тибқи тарҳи "Рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе" амалӣ шуда, Ҳукумати шаҳр барои харидории 4-5 троллеейбуси нав байни ширкатзҳои фурӯшандаи ватаниву хориҷӣ тендер ё муноқиса эълон мекунад

ДУШАНБЕ,10 апр- Sputnik. Ба Душанбе тибқи тарҳи "Рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе" 5 троллейбуси нав ворид карда мешавад. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Бино бар санади мазкур, Ҳукумати шаҳр барои ворид кардани нақлиёт байни ширкатҳои фурӯшанда муноқиса эълон мекунад.

Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеа дар вебгоҳаш эълом карда, ки барои хариди василаҳои мусофирбарӣ қарзу грант пешниҳод мекунад.

"Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе мехоҳад барои амалӣ кардани тарҳи"Рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе" қисме аз қарз ва гранти бонкро ифстифода барад",- гуфта мешавад дар замимаи қарори шаҳрдор.

Дар муноқиса ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ширкат кунанд.

Ширкатҳо бояд дар давоми 16 ҳафта троллейбусҳои муосирро ба Душанбе ворид кунанд.

215
Барчаспҳо:
нақлиёт, Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеа, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон