Чиновники, архивное фото

Аз раис то вазир: пагоҳ масъулини вазорату идораҳои Душанберо ба машқи пагоҳӣ мебароранд

85
(Таҷдидшуда 17:53 13.04.2018)
Ҳамчунин кормандони Ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Пагоҳ, 14 апрели дар боғҳои шаҳри Душанбе  машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ доир мегарданд, хабар медиҳад Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҶТ.

"Тибқи нақшаи тасдиқшуда, пагоҳ, 14 апрел кормандони Вазорати кишоварзии ҶТ, Муассисаҳои давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук", "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштин" дар "Боғи ҷавонон", Агентии омори назди Президенти ҶТ дар Боғи "Парчами давлатӣ", Вазорати умури хориҷӣ дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ба машқи оммавӣ-варзишӣ фаро гирифта мешавад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Афзун бар ин, кормандони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Вазорати маориф дар назди шаршараи Наврӯзгоҳ, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзиш машқ мекунанд.

Ҳамчунин кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ба машқи пагоҳирӯзӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, пештар хабар дода шуд, ки кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд аз ин пас ҳар рӯзи шанбе бомдод дастаҷамъона варзишу нармиш кунанд. Чунин дастуреро раҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода додааст. Аммо мубтакири аслии ин дастур Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дониста шудааст.

85
Барчаспҳо:
машқи пагоҳӣ, идора, вазорат, Душанбе, Тоҷикистон