Рустам Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ

Қарори Р. Эмомалӣ дар бораи таъсиси шӯрои нозирони "Манзили дастрас"

612
(Таҷдидшуда 10:49 15.04.2018)
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои қароре шӯрои нозирони "Манзили дастрас"-ро таъсис додааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе шӯрои нозирони сохтмони "Манзили дастрас"-ро таъсис додааст, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Ҳадафи аслии таъсиси шӯрои нозирони "Манзили дастрас"-ро шаҳрдор, "ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас" гуфтааст.

Дар ин росто, шаҳрдор ба мудири сохтмони "Манзили дастрас" даҳ рӯз муҳлат дода, ки ҷаласаи нахустини шӯрои нозиронро баргузор кунад. 

Назорати  иҷрои ин қарор  ба зиммаи муовинон гузошта шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Рустам Эмомалӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин дар Душанбе комиссия ташкил дод.

Ин қарор бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе ба тавсиб расидааст.

612
Барчаспҳо:
ташкили шӯрои нозирон, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон