Раҷаббой Аҳмадзода

Нигаронии Аҳмадзода аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ дар Қалъаи Муғ

296
(Таҷдидшуда 16:56 16.04.2018)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ дар Қалъаи Муғ изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр— Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафар карда бо рафти корҳои бунёдкорӣ ошно гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

"Раиси вилоят аз Қалъаи таърихии Муғ боздид намуда аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки бо ташкили ситоди махсус ҷараёни корҳоро зери назорат қарор диҳанд", —омадааст дар хабарнома.

Қалъаи таърихии Муғ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба навсозӣ шуда, дар ҳудуди он сохтмони амфитеатр низ идома дорад.

Даъвати Аҳмадзода аз Русия барои бунёди корхонаи муштараки саноатӣ дар Суғд

Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони шаҳрдории Истаравшан буда, корҳои пудратӣ аз ҷониби якчанд ширкатҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар ин иншоот 160 нафар бинокорон кор мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси вилояти Суғд зимни сафараш ба ноҳияи Ҷаббор Расулов аз пурра истифода нагардидани имкониятҳои корхона, таъмирталаб будани қисме аз коргоҳҳои мурғпарварӣ, ҳолати яхдони фабрикаи "Ганҷи Ҳилол" изҳори ниграонӣ кардааст.

296
Барчаспҳо:
изҳори нигаронӣ, Раҷаббоой Аҳмадзода, Суғд