Борони пуршиддат, акс аз бойгонӣ

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон борони пуршиддат ва барф меборад

205
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 17 апр- Sputnik. Имрӯз, 17 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борону жола ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 5-10 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 5-7 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

205
Барчаспҳо:
барф, борони пуршиддат, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон