Додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Чилу се соли зиндон ба ду сарбозе, ки моҳигиронро тирборон карданд

138
Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиевро ба иттиҳоми сӯистифода аз ихтиёроте, ки мӯҷиби қатли Абубакр Бобоев ва Қодир Усмонхоҷаев, сокинони Исфара шудааст, ба 21 ва 22 соли зиндони дорои низоми сахт маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки бо тирандозӣ ба сӯйи мошини моҳигирони ноҳияи Исфара ду нафари ононро кушта буданд, ба зиндони тӯлонимуддат маҳкум шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки бо ду моҳигири сокини шаҳри Исфара дар рӯдхонаи Сир бархӯрди лафзӣ пайдо карда, ононро ба қатл расонда буданд, гуноҳкор дониста, ононро ба 21 ва 22 соли зиндон маҳкум кард. Ин додгоҳ Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиевро ба иттиҳоми сӯистифода аз ихтиёроте, ки мӯҷиби қатли Абубакр Бобоев ва Қодир Усмонхоҷаев, сокинони Исфара шудааст, ба 21 ва 22 соли зиндони дорои низоми сахт маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ҳафтуми январи соли ҷорӣ 5 нафар аз сокинони шаҳри Исфара, ки барои сайди моҳӣ аз рӯдхонаи Сир ба минтақаи Маҳрами ноҳияи Конибодом рафта буданд, вақти бозгашт бо ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ рӯ ба рӯ шуда ва сарбозон ба ин афрод гуфтаанд, ки ҳаққи сайди моҳӣ дар ин минтақаро надоранд.

Аммо сокинони Исфара дар посух ба ин иддао таъкид кардаанд, ки дар ҳеҷ ҷойи ин минтақа аломати мамнӯияти сайди моҳӣ мушоҳида намешавад ва аксари мардум низ дар ин макон моҳӣ мегиранд. Дар ниҳоят бо шиллики ду сарбоз ба сӯйи мошини дар ҳоли ҳаракати сокинони шаҳри Исфара Абубакр Бобоев ва Қодир Усмонхоҷаев ба шиддат захмӣ шуда, дар бемористон ҷони худро аз даст доданд.

Бо ин ҳол, Мутриба Охундова, ҳамсари Қодир Усмонхоҷаев бо ибрози ризоят аз ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки додситони парванда аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дархости пардохти товони молӣ ба хонаводаҳои мақтулон карда буд, ки додгоҳи ин мавзӯъро нодида гирифтааст ва ба ҳамин далел ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад кард.

138
Барчаспҳо:
додгоҳ, Исфара, Тоҷикистон