Борони пуршиддат, жола ва барф: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани боронҳои пуршиддат, жола ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Имрӯз, 19 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои 1000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0