ВКД аз ронандагон хост дар Узбакистон қонуншиканӣ накунанд

© PixabayВодитель за рулем автомобиля, архивное фото
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандагоне, ки аз Тоҷикистон ба Узбакистон мераванд, бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар ин кишвар риоя кунанд, қайд мекунад ВКД Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ронандагон хост дар Узбакистон қонуншиканӣ накунанд.

Чунин муроифатнома дар равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ мунташир шудааст.

"Сафар намудан ба Ҷумҳурии Узбакистон бо автомашинаҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда қатъиян манъ аст", — қайд кардааст Вазорат.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи сафари расмии Шавкат Мирзиёев 9-10 март ба Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ дархост крада буд, ки масъалаи тамдиди муддати иқомати мувақатти шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни асноди иқомати муваққат дар Узбакистон аз се рӯз то як ҳафта тамдид кунанд.

Парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 Созишнома "Дар бораи рафту омади шаҳрвандон"-ро ба тасвиб расонд, ки дар рафти сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон имзо шуду мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳуқуқ доранд ба кишварҳои ҳамсоя бидуни раводид сафар карда, то 30 рӯз бимонанд, вале дар баробари ин агар сафари онҳо беш аз як шабонарӯз давом кунад, бояд асноди иқомати муваққатӣ гиранд.

Лентаи хабарҳо
0