Рустам Эмомалӣ ба даҳҳо шогирду устод стипендия ва мукофотпулӣ дод

© Пресс-служба президента РТМэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз ба муносибати Рӯзи пойтахт дар «Душанбе-Плаза» Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр, барандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе дидор кард

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ сокинони пойтахтро ба муносибати Рӯзи пойтахт шодбош гуфтааст,хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Дар ин дидор маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои соҳавии шаҳрӣ ва барандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе доир шудааст.

Дар асоси Қарори Рустам Эмомалӣ, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муродова Мақсуда дар номинатсияи «Директори сол — 2017», муаллимаи фанни таърихи муассисаи таълимии «Гимназияи №74»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоева Дилбар дар номинатсияи «Омӯзгори сол — 2017», коллективи синфи 9 «г»-и литсейи «55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва роҳбари синф Бегматов Зуҳурбек Рӯзибоевич дар номинатсияи «Синфи беҳтарини сол — 2017» қадрдонӣ шудаанд.

Школьники Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки донишомӯзон кай аз Рустам Эмомалӣ стипендия мегиранд

Ҳамчунин, Шарифзода Баҳром ва Наимова Моҳлиқоб волидайн аз литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансур дар номинатсияи «Волидайни беҳтарини сол — 2017», кӯдакистони №17-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Кучарова Ҳусния дар номинатсияи «Кӯдакистони сол — 2017», мудири кӯдакистони №130-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродова Зарина дар номинатсияи «Мудири кӯдакистони сол — 2017» ва мураббии кӯдакистони №98-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исмонова Матлуба дар номинатсияи «Мураббии сол — 2017» ғолиб дониста шуда, мукофоту диплом гирифтаанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 172 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардидаанд, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017-2018»-ро тақдим кардааст.    

Дар вохӯрӣ ҳамчунин барои фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба кормандони фаъоли Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои чаҳор ноҳияи пойтахт, Қурбонова Меҳринисо Маҳмадсалимовна —корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Фатҳуддинова Гулрухсор Тағоймуродовна — корманди Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Назарова Фирӯза Қудратовна — корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Қурбонова Оля Одиловна — корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мукофотҳо тақдим карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0