Ҷангиёни ДОИШ, акс аз бойгонӣ

Як фармондеҳи дигари ДОИШ дар Димишқ кушта шуд

75
(Таҷдидшуда 16:44 22.04.2018)
Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки дар ҷараёни ин ҳамалот Абу Ҳишом Ал Хобурӣ ва Абу Алӣ Нафша ва масъули молии ин гурӯҳ аз пой даромадаанд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Се саркардаи ДИИШ  дар ҷараёни ҳамалоти пайдар пайи неруҳои сурӣ ба урдугоҳи "Ал Ярмук" ва маҳаллаҳои ҷануби Димишқ аз пой даромаданд.

Артиши Сурия, ки аз рӯзи панҷшанбе амалиёти поксозии маҳаллаҳои ҷануби Димишқро оғоз карда, ҳамчунон дар ҳоли идомаи амалиёти худ аст.

Вебгоҳи хабарии мухолифон "Ал Ҳурия" гузориш дод, ки дар ҷараёни бомбаборони шадиди мавозеи гуруҳҳои террористии ДОИШ дар урдугоҳи Ал Ярмук ду тан аз фармондаҳони ин гурӯҳ кушта шуданд.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки дар ҷараёни ин ҳамалот Абу Ҳишом Ал Хобурӣ ва Абу Алӣ Нафша ва масъули молии ин гурӯҳ аз пой даромадаанд.

Дар авохири авгусит 2016 буд, ки Ал Хобурӣ ба унвони фармондеҳи ДОИШ дар ҷануби Димишқ интихоб шуда буд. Пеш аз ӯ Абу Саёҳ Тайёра, мулаққаб ба Фаррома, ин мансабро ӯҳдадор буд.

Манобеи сурӣ эълом карданд, ки ин саркардаҳо нишасте баргузор карда буданд, ки ҷангандаҳои сурӣ ин нишастро ҳадаф қарор доданд.

Ба гуфтаи манобеи мухолифон, Абу Ҳишом ҷузъи чаҳор шахсияти муҳимми ДОИШ дар ҷануби Димишқ, ба шумор мерафтааст.

Нафша низ яке аз масъулони муҳимми гурӯҳи ДОИШ дар ин минтақа будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад артиши Сурия бо ДОИШ ба тавофуқ расидааст, ки аз ҷануби Димишқ хориҷ шавад, вале ин тавофуқ низ то кунун иҷроӣ нашудааст.

Ба ҳамин далел, неруҳои сурӣ бо хумпора ва мушакҳои замин ба замин ва ҳамалоти ҳавоии бевақфа, террористҳоро бомбаборон мекунанд.

75
Барчаспҳо:
кушта шудан, ҷангӣ, ДОИШ, Дар ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

31
(Таҷдидшуда 23:06 07.08.2020)
Рӯзи ҳаштуми август Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон буда дар Чин – Рӯзи падар ва дар Бутан –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 8 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Вашингтон аввалин конгресси миллии Ку-Клукс-Клана оғоз гардида буд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардид.

Соли 1927 дар Фаронса эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.

Соли 1932 Иттиҳоди Шӯравӣ истифодаи меҳнати занонро дар конҳо иҷозат дод.

Соли 1937 тасарруфи Пекин аз ҷониби Ҷопон.

Соли 1949 дар шаҳри Страсбурги Фаронса аввалин ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор гардид.

Соли 1959  дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Соли 1967 баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мақбараи Султон Увайси Қаранӣ баъд аз тармим кушода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президент  Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» — ро мавриди баҳрабардорӣ   қарор доданд.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷашнҳои рӯзи 8 август

  • Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.
  • Дар Чин – Рӯзи падар.
  • Дар Бутан –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ғаюр Ашўров (1960) – доктори илми тиб, профессор.

Надежда Бутовская (1890- 1977)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Абдумаҷид Воҳидов (1942) – доктори илми тиб, профессор.

Григорий Масич (1925) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммад Шодӣ (1959)- шоир, нависанда.

Раҷаб Насим (1935) – нависанда.

Камолиддин Нодиров (1957)- рассом.

Ҳамид Обидӣ (1911 – 1948) – нависанда, драматург.

Акрам Ризоев (1946)- олими соҳаи техника, профессор.

Александр Соловёв (1892 – 1959) – астрофизик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Одилҷон Умурзоқов (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

31
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

2116
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

2116