Гармӣ. Акс аз бойгонӣ

То 29 дараҷа гармӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

50
(Таҷдидшуда 10:10 23.04.2018)
Имрӯз, 23 апрел, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

50
Барчаспҳо:
гармӣ, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон