Оиша, акс аз бойгонӣ

Ироқ ба Оиша иҷоза надод, ки ба Тоҷикистон бар гардад

420
(Таҷдидшуда 14:30 27.04.2018)
Ду додар ва як хоҳари Оиша ба Тоҷикистон бар гардонида шуданд. Аммо пизишкони Ироқ иҷоза надоданд, ки хоҳари калониашон ба роҳ барояд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Оиша-зани 17-солаи тоҷик, ки моҳҳои сентябр аз яке аз урдугоҳҳои Ироқ пайдо гардида буд, ба Тоҷикистон бар гашта натавонист. Пизишкон вайро бо далели ҳомила буданаш иҷоза надодаанд, ки бо ҳавопаймо парвоз кунад. Вазорати умури хориҷа мегӯяд, зан пас аз таваллуди фарзанд ба Тоҷикистон бар гардонида мешавад.

ВУХ пештар эълом дошта буд, ки панҷ кӯдак ва навраси тоҷикиро аз Ироқ бар Тоҷикистон бар мегардонад. Дар рӯйхати ниҳод исми Оиша низ буд. Аммо рӯзи 25 апрел маълум, ки Оиша ба Тоҷикистон бар нагаштааст.

Ду додари ва як хоҳари Оиша — Абдуллои 9-сола, Муҳаммади 3-сола ва Фотимаи 7-сола ба Тоҷикистон бар гардонида шуданд. Аммо Оиша то таваллуди фарзанд дар Ироқ мемонад.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи сентябр шабакаи телевизионии "Russia Today" хабар дод, ки дар Ироқ як шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон шиносоӣ шуда, ки шавҳараш аз ҷангҷӯёни ДОИШ будаву дар ҷанг кушта шудааст.

"Оиша 16-сол аст. Шавҳараш як ҷангии ДОИШ будааст, ки кушта шудааст. Ин духтар аз Тоҷикистон аст", — гуфта мешуд дар гузориш.

Ин духтарро аз дасти ҷангиёни доишӣ наҷот дода ба Бағдод овардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ чанд кӯдаки дигар низ наҷот дода шуданд. Ин духтар як хоҳари 7-сола ва ду додар ҳам дорад, ки яке 9-сола ва дигаре 3-сола аст, гуфта мешуд дар хабар.

"Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Онҳо аввал дар Мавсил буданд ва пас аз оғози ҷанг ман ба шаҳри Талл-Афъар рафтам", — мегуфт ӯ.

Пештар Марям дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар Ироқ Оишаро хуб мешинохт ва бояд ӯ ҳам бо онҳо ба Тоҷикистон бар мегашт. Аммо "вайро ба бемористон бурданд ва иҷоза надоданд, ки ба роҳ барояд".

420
Барчаспҳо:
ДОИШ, Оиша, Ироқ, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”

9
 Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфтааст

 ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Худи шоир дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш маслиҳат донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт Шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода.

Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

9
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

505
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

505
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм