Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо муовини нахуствазири Қазоқистон

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо азми худро ҷиҳати минбаъд ҳам ба харҷ додани тамоми кӯшишҳо баҳри тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба манфиати халқҳои ду кишвар ва тамоми минтақа таъкид намуданд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Чанде пеш нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини аввали нахуствазири  Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот масоили татбиқи созишҳои дар ҷараёни сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон ва дар доираи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи марти соли равон дар Остона бадастомада муҳокима шуданд.

"Ҳамчунин масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ин росто, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар самти густариши робитаҳои тиҷоратӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳои консептуалии иқтисодиёт, ба монанди нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ зикр карда шуд.

Ҷонибҳо азми худро ҷиҳати минбаъд ҳам ба харҷ додани тамоми кӯшишҳо баҳри тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба манфиати халқҳои ду кишвар ва тамоми минтақа таъкид намуданд.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои мулоқоти баргузоргардида омили муҳими таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0