одамон бо дипломат

Озмуни Ҳукумати Суғд барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ

541
(Таҷдидшуда 14:23 30.04.2018)
Довталабон бояд маълумоти олӣ, таҷрибаи корӣ дошта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва малакаи хуби муошират бо ҷомеаро донанд. Маош то 1800 сомонӣ

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

Довталабон бояд маълумоти олӣ, таҷрибаи корӣ дошта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва малакаи хуби муошират бо ҷомеаро донанд. Маош то 1800 сомонӣ.

 Ҳамин тавр, дар Ҳукумати вилояти Суғд ба симатҳои муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд.

Маълумоти бештарро метонавонед аз вебгоҳи Ҳукумати вилояти Суғд пайдо кунед.

Пештар хабар дода ҳуд, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тағйироти кадрӣ амалӣ шуд

Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 16 апрели соли 2018 Абдумаҷид Раҳимов мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Абдумаҷид Раҳимов соли 1984 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Раҳимов соли 2008 филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси технолог хатм кардааст.

Солҳои 2008 — 2009 дар вазифаи мутахассиси бахши ташкилии Раёсати кишоварзии вилоят фаъолият кардааст.

Аз соли 2009 то соли 2018 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кор кардааст.

541
Барчаспҳо:
озмун, мансаб, Тоҷикистон