Мақомоти Хатлон бар зидди нашъамандӣ бо реклама мубориза мебарад

© wikimedia.org/VargaAКурган-Тюбе, архивное фото
Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадори вилояти Хатлон баргузор гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад, ки дар он раиси Шӯрои мазкур, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода сухан гуфтаанд.

Махфират Хидирзода гуфтааст, ки мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии он кори дастаҷамъӣ буда, бояд тадбирандешиҳоро дар самти тарғибу ташвиқи пешгирии нашъамандӣ тақвият бахшид.

Вай таъкид кардааст, ки  дар ин  самт  ҳамкориҳо бояд амалӣ бошанд ва маводҳо оиди пешгирӣ, таблиғоту рекламаҳо бо ҷалб ва иштироки фаъоли мутахасисони соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гарданд, инчунин, барои омода намудани мутахассисон — наркологҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар  ҷаласа, ҳамчунин, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят дар бораи натиҷаи санҷиши фаъолияти Шӯроҳои шаҳри Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ ҳисобот додааст.

Лентаи хабарҳо
0