Борон. Акс аз бойгонӣ

Борону раъду барқ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

95
(Таҷдидшуда 10:21 04.05.2018)
Имрӯз, 4 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ гардида, ҳаво шабона +11 +16 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳи боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +9 +11 дараҷа гарм мешавад.

95
Барчаспҳо:
борон, раъду барқ, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон