Празднование Рамадана в Москве

Шурои уламои Тоҷикистон оғози моҳи Рамзонро эълом кард

1263
(Таҷдидшуда 09:30 06.05.2018)
Пештар хабар дода шуд, ки Шурои уламои Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатиаш оғози моҳи Рамазон ва ҳаҷми садақаи фитрро муайян ва эълом хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кумитаи дин дар истинод ба Шурои уламои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шудааст.

"Раёсати Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15-уми майи соли 2018 соати 1648 рӯйдоди ҳодисаи "Моҳи нав" рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Пештар хабар дода шуд, ки Шурои уламои Тоҷикистон дар ҷаласаи  навбатиаш оғози моҳи Рамазон ва ҳаҷми садақаи фитрро муайян ва эълом хоҳад кард.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз қабл аз замони оғози рӯза фаро мерасад. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон рӯзи 27 май оғоз шуда буд.

Қариб 98 дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Ислом мебошанд. Ҳамчунин дар кишвар 85 Иттиҳодияҳои ғайримусалмонии динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯза-яке аз аркони дини Ислом аст, ки гирифтани он барои ҳар як мусалмон фарз мебошад.

1263
Барчаспҳо:
рӯзадорӣ, Рамазон, Шурои уламои ҶТ, Тоҷикистон
Лампочка, архивное фото

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

198
(Таҷдидшуда 17:16 26.01.2021)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо лимити барқ дар кишвар ба Вазорати энергетика чанд дастур дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.

Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.

Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

"Корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.

198
Барчаспҳо:
Вазорати энергетика ва захираҳои об, лимит, барқ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

1535
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

1535
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон

COVID, президентии Трамп ва Apple Watch: пешгӯиҳои "Симпсонҳо" - видео

0
Яке аз дарозтарин филмҳои тасвирӣ дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натанҳо бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ, балкӣ бо пешгӯиҳои худ машҳур аст

Масалан Доналд Трампро ҳанӯз 10 сол пеш дар ин филм ба ҳайси президенти ИМА интихоб карда буданд.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Дар ҳамон филм аввалин маротиба соатҳои Apple Watch, чанд чол пеш аз инқилоби "себӣ" пайдо шуда буданд.

Ҳаводорони филми тасвирии "Сипмсонҳо" боз чанд лаҳзаи дигари пешбинишударо дарёфт карданд:

  • ҷароҳати футболбози бразилиягӣ Неймар дар қаҳрамонии ҷаҳон;
  • пайдоиши шахсияти Грета Турберг;
  • вирусе, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ин бора дар сериале, ки ҳанӯз соли 1993 наворбардорӣ шудааст, гуфта мешавад. Он замон ин маризӣ "осака -вирус" ном гирифта буд;
  • Камала Харрис дар маросими савгандёдкунии раҳбари нави "Қасри Сафед" - Ҷо Байден.

Дигар пешбиниҳои хонаводаи "Симпсонҳо" - ро дар навори боло тамошо кунед.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, Доналд Трамп, ИМА