Барф дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Барф меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

558
(Таҷдидшуда 09:28 07.05.2018)
Имрӯз, 7 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Роҳгузарон дар кӯча, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Наталья Селиверстова

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, баъзан дар баландиҳо барф меборад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки боронӣ пешбинӣ гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +13 +18 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +24 +26 дараҷа ва шабона +12 +14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

558
Барчаспҳо:
боду ҳаво, барф, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон