Тобистони Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад

36
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 35 дараҷа гармӣ мераса

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Имрӯз, 9 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, ҳарорат шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +10 +15 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм хоҳад мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +30 +32 дараҷа ва шабона +11 +13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

36
Барчаспҳо:
ҳавои гарм, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон