Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт

50
(Таҷдидшуда 09:43 09.05.2018)
Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мардуми Тоҷикистонро бо 73-умин солгарди Иди Ғалаба муборакбод гуфтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

"Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд",- омадааст дар паёми шодбошии раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, "мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем".

Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш — фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.

"Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд".

Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон гутфааст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

50
Барчаспҳо:
табрикот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

10
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе, ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ӯ ғарқи об шуда ҷон бохт.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

10
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, дучархарон, Лахш
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

337
Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯянд, ки дар фиреби 4 мард муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Аз болои сокини 30 - солаи шаҳри Кӯлоб марди 40 - сола, ки низ аз ҳамин шаҳр мебошад, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Бар тибқи даъвои сокини Кӯлоб, ҷавони 30 - сола соли гузашта ба боварияш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, ин ҷавон бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, барнагардондаст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34 - сола ба боварии марди 32 - солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

"Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки  дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500  сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

337
Барчаспҳо:
қаллобӣ, пулис, ҷустуҷӯ, сокин, Кӯлоб